УЛТИМАТУМ (лотинӣ ultimatum — то охир бурдашуда), дар ҳуқуқи байналхалқи талаботи дар ҳуҷҷатҳои дипломатӣ дарҷёфта ва ё ба таври шифоҳӣ баёншудаи як давлат дар боби мавқеи муайян интихоб намудани давлати дигар доир ба ягон масъала, анҷом додани амалиёти муайян ва ё иҷро кардани шартеро гӯянд.
Дар сурати риоя накардани шартҳои Ултиматум ба давлати ултиматумдодашуда чора ‘(масалан бас кардани гуфтушунид, қатъи муносибатҳои дипломатӣ, реторсия, репрессалия ва ғайра) дида мешавад. Додани ултиматуме, ки дар он таҳдиди истифодан зӯрӣ ба давлати дигар ифода ёфтааст, хилофи Устави ТДМ мебошад.