УҚЁНУСИ АТЛАНТИК, аз ҷиҳати бузургӣ баъди уқёнуси Ором дуюмин уқснуси кураи Замин буда, дар байни Гренландияю Исландия дар шимол, Европаю Африка дар шарқ, Америкаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар ғарб ва Антарктида дар ҷануб воқеъ гаштааст. Масоҳати (якҷоя бо баҳрҳояш) 93,36 млн км2. Ҳаҷми об 337 млн км3, чуқуриаш ба ҳисоби миёна қариб 4 ҳазор м. Қариб тамоми бақрҳои уқёнуси Атлантик (Балтика, Шимоли, Миёназамин, Сиёҳ. Кариб ва ғайра), инчунин халиҷҳои калон (Бискай, Гвинея) дар Нимкураи шимолӣ воқеанд. Пайдоиши гурӯҳҳои асосии ҷазираҳо (Британияи Кабир, Ирландия, Ниуфаундленд, ҷазираҳои Антили Калон ва Хурд, Канар, Димоғаи Сабз, Фолкленд ва ғайра) материкист.
Қаторкӯҳи меридиании Миёнаи Атлантик уқёнусро ба қисмҳои шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо мекунад. Шӯрии об 33—37уЗ%о Ҷараёнҳои болоии қабати об дар арзҳои субтропики гардиши антисиклонӣ ва дар арзҳои мӯътадили шимолию арзҳои баланди ҷанубӣ гардиши сиклонӣ ба амал меоваранд. Дар уқёнуси Атлантик баландии мадд то ба 18 м (халиҷи Фанди) мерасад. Ба уқёнуси Атлантик 2/5 ҳиссаи моҳигирии ҷаҳон рост меояд. Аз халиҷи Мексика, баҳри Қариб ва баҳри Шимолӣ нефт истихроҷ мекунанд. уқёнуси Атлантик дар киштигардии ҷаҳонӣ мавқеи муҳим дорад. Бандарҳои асосиаш: Роттердам, Ленинград, Лондон, Нию-Йорк, Гамбург, Марсел, Буэнос-Айрес, Кейптаун, Дакар ва ғайра.