Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / УДМУРТИСТОН

УДМУРТИСТОН

udmurtiya

УДМУРТИСТОН Республикаи Автономии Советии Сосиалистии Удмуртистон (Удмурдтской Автояомной Советской Социалистической Республика), дар РСФСР. Масоҳати 42,1 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1560 ҳазор нафар (1985) ; удмуртҳо, русҳо, тоторҳо ва ғайра. Аҳолии шаҳрӣ 67%. 25 райони маъмури, 6 шаҳр ва 15 птш дорад. Пойтахташ шаҳри Устинов.
Сатҳи Удмуртистон ҳамвор, дар қисми шимолиаш баландии Камаи Боло (то 330 м) воқеъ аст. Ҳарорати миёнаи январ —14 то — 15°С, июл 17—18°С. Боришоти солона 400— 600 мм. Дарёи калонаш. Кама. 47% ҳудуди Удмуртистон бешазор (коҷ, санавбар, тӯс ва ғайра.) аст.
Ташаккулёбии қабилаҳои удмурт дар асрҳои 3—4 оғоз ёфт. Асрҳои 10— 12 удмуртҳо дар зери таъсири иқтисодию мадании Булғорияи Волгаю Кама буданд. Асри 13 ҳудуди Удмуртистонро муғулҳо истило карданд. Соли 1489 удмуртҳои Вяткаи Миёна ва Боло,ки дар ҳайати сарзамини Вятка буданд, ба давлати рус ҳамроҳ карда шуданд. Баъд аз пароканда шудани хонии Қазон (1552) удмуртҳои Наздикама тобеияти давлати русро қабул кардалд. Ибтидои соли 1558 ҳудуди Удмуртистон пурра ба Россия ҳамроҳ карда шуд. 4 ноябри 1920 ҳамчун вилояти автономи Вота (аз 1932 Удмуртистон) ба ҳайати РСФСР дохил шуд; аз 28 декабри 1934 РАСС Удмуртистон.
РАСС Удмуртистон ба ноҳияи иқтисодии Урал дохил аст. Соҳаҳои муҳимми саноаташ: мошинсозӣ ва коркарди металл, металлургияи сиёҳ, саноати ҷангал ва чӯбкорӣ. Саноати истихроҷи нефт, химия, шиша, саноати сабук ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Удмуртистон нефт ва торф истихроҷ мекунанд. Марказҳои асосии саноатиаш: Устинов, Воткинск, Сарапул, Глазов. Соҳаҳои асосии хоҷагии қишлоқ чорводори ва ғаллакорист (ҷавдор, ҷав, сули, марҷумак). Инчунин зироати хуроки чорво, зағир, сабзавот мекоранд. Занбӯри асал мепарваранд. Шумораи чорво дар ҳама навъхои хоҷагӣ (1 январи 1985, ба ҳисоби ҳазор сар): гов 682,9, хук 443,9, бузу гӯсфанд 320,4. Тӯли умумии роҳи оҳан 852 км, роҳҳои автомобилгард 2958 км. Дарёи Кама киштигард аст (бандари асосӣ — Сарапул). Бо орденҳои Ленин (1958), Революцияи Октябр (1970), Дӯстии халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …