Маълумоти охирин

ТУВАЛУ

ТУВАЛУ (Тuvalu), давлатест дар қисми ҷанубу ғарби уқёнуси Ором, дар Полинезия. Масоҳаташ 26 км2. Аҳолиаш беш аз 10 ҳазор нафар (1983), асосан полинезиҳо. Забони расмӣ — англисӣ. Аксари диндорон ба дини протестантӣ эътиқод доранд. Марказаш Фунафути. Сардори давлат — маликаи Англия, аз номи ӯ генерал-губернатор ҳукмронй мекунад. Органи қонунбарор — Ассамблея.

tuvalu

Мамлакат дар 9 ҷазираи пасти марҷонии Тувалу (то 1975 Эллис) ҷой гирифтааст. Иқлимаш гарми сернам. Асосан растаниҳои буттагӣ мерӯянд. Солҳои 1892—1978 мулки Британияи Кабир буд. 1 октябр 1978 давлати мустақил эълон шуд. Асоси иқтисодиёт истеҳсол ва экспорти копра, инчунин моҳидорист. Шарикҳои тиҷоратиаш: Австралия, Британияи Кабир, Зеландияи Нав, Япония. Воҳиди пул — доллари австралӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …