Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНОВ Абдураззоқ

ТУРСУНОВ Абдураззоқ

ТУРСУНОВ Абдураззоқ (таваллуд 31.1. 1920, Хуҷанд) муаррихи советии тоҷик, доктори илмҳои таърих (1973), профессор (1973). Аъзои КПСС аз соли 1940. Солҳои 1939— 46 котиби якуми Комитети комсомоли раён ва вилояти Ленинобод. Соли 1948 факултети таърихи Институти давлатии педагогии Ленинободро (ғоибона) хатм кард. Солҳои 1948—63 мудири сектор, ҷонишини мудири шӯъба, мудири шӯъбаи пропаганда ва агитасияи Комитети партиявии вилояти Ленинобод, котиби якуми Комитети партиявии раёни Ленинобод. Аз соли 1963 муаллим. Муаллифи қариб 60 асару мақолаҳои илмӣ. Тадқиқоташ ба таърихи комсомоли Тоҷикистон, фаъолияти Партияи коммулистӣ оид ба электриконидани Тоҷикистон ва дигар республикаҳои Осиёи Миёна оид аст. Бо медал ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асар: Торжества ленинских идей электрификации в республиках Средней Азии, Душанбе, 1974. И. Спороболагов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …