Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК»

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК»

tsbornik

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК» («Туркестанский сборник сочинений и статей относияшихся к Средней Азии и к Туркестанскому краю в особенности» — «Маҷмӯаи асарҳо ва мақолаҳо оид ба Осиёи Миёна ва махсусан кишвари Туркистон»), асари нодири библиографиест оид ба таърих, этнография, иқтисодиёт, ботаника, археология, геологияи Осиёи Миёна. Маҷмӯа аз 594 ҷилд иборат буда, асарҳои алоҳида, мақолаҳои газетаю журналҳоро дар бар гирифтааст. 416 ҷилди онро библиографи рус В. И. Межов аз материалҳои солҳои 1867—87 мураттаб сохт. 127 ҷилди дигари «Туркестанский сборник»-ро минбаъд шарқшиносони дигар тартиб доданд. Солҳои 1911—16 олими рус А. А. Семёнов 47 ҷилди дигарро ба он илова намуд. «Туркестанский сборник» манбаи муҳиммест барои тадқиқи масъалаҳои мухталифи таъриху маданияти халқҳои Осғёи Миёна. «Туркестанский сборник» ҳоло дар фонди Китобхонаи давлатии РСС Узбакистон ба номи А. Навоӣ маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …