Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТРАНСПОРТИР

ТРАНСПОРТИР

ТРАНСПОРТИР (франсузӣ transporteur, аз лотинӣ. transporto — мегузаронам), як навъ асбоби зовиясанҷ ва зовиясозро гӯянд. Аз хаткашак ва нимдоираи дараҷабандишуда аз 0° то 180° иборат аст. Андозаи транспортир ҳар қадар калон бошад, саҳеҳияти он ҳамон қадар меафзояд (бо калон шудани нимдоира қимати андозаи ҳар як тақсимот хурд мешавад).

transportir

Барои нақшакашӣ ва андозагириҳои саҳеҳ (масалан, навигасионӣ) транспортир бо хаткашаки шаффоф ва нониуси зовиясанҷдор (ки дар атрофи маркази транспортир чарх мезанад) ҷиҳозонида мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …