Маълумоти охирин

ТОУН

ТОУН, як навъ бемории сироятии одам ва ҳайвонот (хояндаҳо, уштур ва ғайра). Ангезандааш РаPasteurella-pestis) -ро соли 1894 А. Йерсен (Франция) ва С. Китазато (Япония) муайян кардаанд. Дар маводи ғизоӣ нағз инкишоф ёфта, ба таъсири омилҳои физикӣ, химиявӣ ва доруҳои безараргардонь ҳассос аст; дар ҳарорати 100°С (баъди 1 дақиқа) нобуд мешавад.
Тоун аз қадим дар бисёр мамлакатҳо хуруҷ кардааст. Дар натиҷаи вогирии Тоун миллионҳо одамон нобуд шудаанд. Ба одам Тоун аз кайк, инчунин ҳайвоноти дигар, (хояндаҳо, харгӯш, ӯштур ва ғайра) мегузарад. Вобаста ба тарзи сироят ангезандаи беморӣ аз пӯст, пардаҳои луобии роҳҳои нафас, пилки чашм ва ғайра ба организм дохил мегардад. Давраи инкубасионӣ (ниҳонӣ)-аш 2—6 шаборӯз. Табларза, дарди сахти сар, ҳаяҷон, баландии ҳарорат (40оС), пурхунии пӯсти руй, илтиҳоби мағзпарда аломатҳои Тоунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …