ТОШМУҲАММАДОВ Абдулазиз (1869, деҳаи Чимбулоқи раёни Арал, ҳозира раёни Куибышев —1933), муборизи фаъоли зидди босмачиён, иштирокчии барпо ва мустаҳкам кардани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Соли 1921 ба сафҳои Армияи сурх даромада, аввал роҳбалади Полки 10-уми савора, сонӣ роҳбалади полкҳои 1-уму 2-юми кавалерӣ ва Бригадаи 1-уми кавалерии туркмании алоҳида буд, ки онҳо дар торумор кардани дастаи Анварпошшо фаъолона иштирок намуданд. Соли 1923 Тошмуҳаммадов раиси Комитети революсионии Даҳанакиик, солҳои 1924 —25 раиси Комитети революсионии тумани Ёвон, дар як вақт аъзои Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ (КФД) дар Душанбе ва аъзои КИМ-и РХСБ буда, дар муборизаи зидди дастаи босмачиёни Иброҳимбек иштирок кард.
Бо 2 ордени Ситораи Сурхи Бухоро (дараҷаи 2) мукофотонида шудааст. А. Қодиров.
Tags Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …