Маълумоти охирин

ТОР

ТОР, 1) сози мусиқиест, ки бо мизроб (нохунак) менавозанд. Тор дар Эрон, Кавказ ва Осиёи Миёна хеле маъмул аст. Дар Тоҷикистон ва Узбакистон баъзан Тори озарбойҷонӣ ҳам мегӯянд. Тор косаи ба рақами 8 монанд дошт, аз чӯби тут тарошида мешавад. Ба рӯи косааш пардаи дили говро макашанд. Дарозии умумиаш 78—90 см. Дастааш дароз. Дастааш 22 парда дошта 2 октаваро дар бар мегирад. Тор дорои 5—6 тори металлист, баъзеаш 9— 12 тор ҳам дорад (навъи кавказиаш), Мувофиқи миқдори торҳо гӯшакҳо низ дорад.

tor-soz

Сози якканавозӣ ва ансамблӣ буда, овозаш форам ва ҷарангнок аст. Ҳангоми навохтан косаашро ба тарафи рости сина гузошта, бо дасти рост мизроб зада бо дасти чап ба воситаи пардаҳо мақом мегардонанд. 2) Манбаи овозӣ, ҷузъи созҳои мусиқии торӣ: танбӯр, ғижжак, рубоб, дутор, чанг, роял ва ғайра аст, ки аз филиз ва синтетика сохта шуда, бо мизроб, камон ва ангушт ба кор медароранд. Пештар Торро аз абрешим, канаб ва рӯдаи ҳайвон месохтанд, ҳоло аз пӯлод ва мис. Ба дутор ва рубоби бадахшонӣ бештар. Тори синтетики мекашанд. И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …