ТОНЗИЛЛИТ (аз лотинӣ tosillae — ғадудҳои бодомшакл), илтиҳоби бодомакро гӯянд. Шадид (нигаред Ангина) ва музмин мешавад. Тонзиллити музмин одатан дар натиҷаи такрор ёфтани ангина инкишоф меёбад.
Хангоми Тонзиллити музмин захм пайдо кардани пардаи луобӣ, нумӯи бофтаҳои номукаммали пайвандӣ, пайдоиши рим дар бодомак мушоҳида мешавад.
Тонзиллити музмин мумкин аст боиси тарбод, бемориҳои дил, гурда ва ғайра гардад.