Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОМСОН лорд Келвин

ТОМСОН лорд Келвин

ТОМСОН (Тhomson), лорд Келвин (Кеlvin) Уилям (26. 6. 1824, Белфаст—17. 12. 1907, Лартс, назди Глазго; дар Лондон мадфун аст), физики англис, яке аз асосгузорони термодинамика ва назарияи кийетикии газҳо, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Соли 1845 усули электрии ба даст овардани тасвиротро ихтироъ кард, баъд бо таъсири корҳои Ҷ. П. Ҷоуль бо масъалаҳои умдаи назарияи гармӣ машғул шуд, шкалаи мутлақи ҳароратро тартиб дод (1848), яке аз таърифҳои асосии дуюми термодинамикаро пеш ниҳод (1851), мафҳуми пароканиши энергияро ҷорӣ кард ва Фарзияи «Фалокати ҳароратй-и Коинотро ба вуҷуд овард. Аъзои фахрии Академияи Фанҳои Петербург (1896 аъзо-коррспондент соли аз 1877) буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …