Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад

ТОЛИБИ ОМУЛӢ Муҳаммад мутахалис ба «Ошӯб» ва «Булбули Омул» (1580, Омули Эрон —1627, Фотеҳпури Сикрӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Илмҳои ҳандаса, мантиқ, ҳайат, ҳикмат ва ҳунари хушнависиро дар зодгоҳаш омӯхт. Чанд сол дар Қошон, Исфаҳон, Машҳад ва Марв зиста, пас ба Ҳиндустон рафт. Маликушшуарои дарбори шоҳ Ҷаҳонгир буд. Куллиёташ бештар қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснави (22966 байт)-ро дар бар мегирад. «Сӯзу гудоз», «Ҷаҳонгирнома», «Қазо ва қадар» маснавиҳои машҳури ӯянд.
Дар эҷодиёти Толиби Омулӣ танқиди беадолатиҳои замон ва замондоров, мазаммати ақоиди динӣ, аҳкоми шариат, афкори пандуахлоқӣ, шикоят аз муҳит ва ғайра ба назар меразанд. Шеърҳои зиёди Толиби Омулӣ, ки тасвирҳои рангин, ташбеҳу истиороти камёб доранд, дар васфи табиати Ҳиндустон ва фаслҳои соли он эҷод шудаанд (қасидаҳо дар васфи Кашмир, ғазали «Файзи пиёла бахшад обу ҳавои Кашмир» ва ғайра).
Толиби Омулӣ дар таърифи тобистон ҳам қасидаи баланде гӯфтааст. Як қитъаи ӯро, ки дар васфи хоҳараш аст, муҳаққиқон беҳтарин шеър дарҳақҷи зан донистаанд. Толиби Омулӣ анъанаи Саъдӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизро ба тарэи нав давом додааст. Шеъраш сухани нав, иборатҳои нодир, ташбеҳоти латиф ва кинояҳои нозук дорад. Дар шеъри ӯ, ки соддаву фаҳмост, ишора ва таъбиру ҳикматҳои халқӣ бисёр истеъмол шудаанд. Толиби Омулиро Соиби Табрезӣ устоди худ хондааст.
Осор: Намунае аз осор, «Садои Шарқ», 1974, М 2.
Адабиёт: Саидҷафаров Ш., Назаре ба ҳаёти Толиби Омулӣ дар маҷмуаи: Чанд мулоҳизаи адабӣ, Душанбе, 1975; ҳамон муаллиф, Танқиди беадолатиҳои ҷамъияти феодалӣ ва ҳокимони он дар лирикаи Толиби Омулӣ, дар маҷмуаи: Образ ва маҳорат, Душанбе, 1979. Ш. Саидҷаъфаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …