Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад

ТОЛИБИ ҶОҶАРМӢ Мавлоно Муҳаммад (соли таваллуд номаълум — вафот 1450, Шероз), шоири форс-тоҷик. Шогирди Озарии Тӯсӣ. Соҳибдевон. Ба чанд ғазали Саъдӣ ва Ҳофиз ҷавоб гуфтааст. Муаллифи маснавии «Гӯй ва Чавгон». Мувофиқи маълумоти «Маҷолис-ун-нафоис»-и Навоӣ, дар болои қабраш чунин абёти худаш сабт шудааст:
Дар кӯчаи ошиқи ба паймони дуруст
Мегуфт ба ман аҳли диле рӯзи нахуст:
«Толиб, маталаб касе, ки он ғайри ту ҷуст,
Ту толиби ӯ бош, ки ӯ толиби туст!»
А. Раҳмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …