ТОКОФЕРОЛҲО (аз юнонӣ tokos — ҷинс, насл,— мебарам ва лотинӣ оleum — равған), витаминҳои гурӯҳи Е. як гурӯҳи витаминҳои дар равған ҳалшавандаро гӯянд. 8 навъ Токоферолҳои ( —Т., —Т., —Т., ва ғайра) хусусияти витаминдошта маълуманд. Токоферолҳо фақат дар растанӣ ҳосил мешаванд одам ва ҳайвонот Токоферолҳоро аз хӯрок мегиранд. Ҳангоми мӯътадил ғизо гирифтан авитаминозҳо ва гиповитаминозҳои Е ҳам рӯй медиҳанд. Токоферолҳро дар тиб ҳангоми муолиҷаи баъзе бемориҳои занона, асаб, пӯст, дилу рагҳо ва ғайра истифода мебаранд.