Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТОҶИБОЕВ Тоҳир

ТОҶИБОЕВ Тоҳир

ТОҶИБОЕВ Тоҳир (таваллуд 1909, Хуҷанд—16. 1. 1978, ҳамон ҷо), актёр ва режиссёри советии тоҷик. Артист.
Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1964). Аъзои КПСС аз соли 1947. Соли 1930 ба театри назди Шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) дохил шуд. Яке аз асосгузорони ин театр ба шумор меравад. Сипас ба театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ омада, ҷун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард Солҳои 1955—70 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод кор мекунад. Вай дар иҷрои ролҳои Тоҳир («Тоҳир ва Зӯҳро»-и С. Абдулло), Неъмат («Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ) ва бисёр нақшҳои дигар маҳорати баланди актёриашро зоҳир намудааст. Тоҷибоев ба сифати режиссёр песаҳои «Нурхон»-и К. Яшин, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Иродаи зан»-и А. Сидқӣ ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст. Бо модалҳои «Барои меҳнати шоён» ва «Ветерани меҳнат» мукофотонида шудааст.
Ҳ. Аскар.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …