Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТИ ОЗОДИБАХШИ ФАЛАСТИН

ТАШКИЛОТИ ОЗОДИБАХШИ ФАЛАСТИН

ТАШКИЛОТИ ОЗОДИБАХШИ ФАЛАСТИН (ТОФ), иттиҳоди ташкилотҳои Ҳаракати муқобилати Фаластин (ҲМФ) барои таъмини ҳуқуқи қонунии халқи араби Фаластин. Ташкилоти озодибахши Фаластин соли 1964 таъсис ёфтааст. Дар маҷлисҳои сардорони давлатҳои араб дар Алҷазоир (ноябри 1973). Работ (октябри 1974) ва Конференсияи мамлакатҳои мусулмон дар Лоҳур (марти 1974) Ташкилоти озодибахши Фаластин ягона намояндаи қонунии арабӣ Фаластин эътироф карда шуд. Ташкилоти озодибахши Фаластин қариб дар тамоми мамлакатҳон араб намояндагии расмии худро дошта, дар кори Лигаи давлатҳои араб иштирок мекунад. Дар як қатор мамлакатҳои Европа ва Осиё бюроҳои Ташкилоти озодибахши Фаластин мавҷуданд. Қувваҳои мусаллаҳи ҲМФ дар Лубнон, Сурия ва баъзе дигар мамлакатҳои араб ҷойгир шудаанд.

to-falastin

Органи олии Ташкилоти озодибахши Фаластин Шӯрои миллии Фаластин буда, соле як маротиба даъват карда мешавад. Дар сессияҳои Шӯрои миллии Фаластин Комиҷроияи Ташкилоти озодибахши Фаластин иншхоб мегардад, ки вай дар байни сессияхо ба кори сиёсӣ ва ташкилии Ташкилоти озодибахши Фаластин роҳбарӣ мекулед. Органҳои асосии ахбори Ташкилоти озодибахши Фаластин: Агентии информанионии Фаластин (ВАФА) ва газетаи ҳафтаинаи «Фаластин ассавра» («Фаластини революсионӣ»).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …