Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИХОНОВ Вячеслав Василевич

ТИХОНОВ Вячеслав Василевич

tixonov-vv

ТИХОНОВ Вячеслав Василевич (таваллуд 8. 2. 1928, Павловский Посади вилояти Москва), киноактёри советӣ, Артсти Халқии СССР (1974). Қаҳрамони Меҳнати Социалистй (1982). Аъзои КПСС аз с. 1976. Баъди хатми Институти давлатия кинематография (ВГИК) аввалин бор дар филми «Г.вардияи ҷавон» (1948) нақши Володя Осмухинро бозид. Минбаъд дар филмҳои «Ин воқеа дар Пеньково буд (1958), «Фоҷиаи оптимистӣ» (1963), «Ҷанг ва сулҳ (1966—67) ва ғайра иштирок кард. Кори намоёни Тихонов образи разведкачии советӣ полковник Исаев (Штирлиц) дар филми телевизионии бисёрсериягии «Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор» (1972) мебошад. Лауреати Мукофоти Ленинӣ (1980, филми «Буми сафеди гӯшсиёҳ). Лауреати мукофоти давлатии СССР (1970).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …