Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТИНТОРЕТТО

ТИНТОРЕТТО

ТИНТОРЕТТО (Тintoretto), номаш Робусти, Якопо (29. 9. 1518, Венеция 31. 5. 1594, ҳамон ҷо), мусаввири италиявӣ. Намояндаи мактаби рассомии Венеция. Тинторетто ҳанӯз бо асарҳои аввалини худ («Тавлиди Юҳанщои Таъмидь», охири сол 1540, Эрмитаж, Ленинград), («Зиёфати маҳрамона», 1547, Ибодатхонаи Санта- Маркусла) аз бисёр ҳамзамононаш пеш тузашт. Дар мусаввараҳои «Мӯъҷизаи Марки муқаддас (1548, Нигористони Академия, Венеция), «Ба маъбад даровардани Марям», тахмин 1555, Ибодатхонаи Санта-Мария дел Орто ҳайрату ҳаяҷони анбӯҳи мардум барҷаста тасвир шудааст. Солҳои 50—60 асри 16 услуби хоси Тинторетто ташаккул ёфт. Силсилаи панно барои Скуола ди Сан-Рокко дар Венеция (1565—88) асари асосии Тинторетто буда, дар он ривояти Динь чун ҳодисаи воқеӣ маънидод шудааст. Тинторетто дар ин силсила бештар ба тасвири халқ (Саҷдаи чӯпонон», «Ғусли таъмид» ва ғайра) ва манзараи табиат («Фирор ба Миср») ва ғайра эътибори калон медиҳад. Мусаввараҳои рӯидевории Қасри Дожҳо («Задухӯрди назди Зара») ва калисои Сан-Ҷорҷо Маҷоре («Зиёфати маҳрамопа») дар эҷодиёти Тинторетто мавқеи хос доранд. Тинторетто портретҳо низ офаридааст. Эҷодиёти реалистонаи гуногунҷиҳата ва озодихоҳонаи Тинторетто саҳифаи дурахшон ва хотимавии санъати Эҳёи мутаоххир буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …