Маълумоти охирин

ТИМСОҲ

ТИМСОҲ, тимсоҳҳо (Сrocodylia) як гурӯҳ хазандаҳои обиро гӯянд; дарозиашон 2—7 метр. Сар ва танашон паҳн, фукашон дароз ва пойҳояшон ниобатан кӯтоҳи ғафс; сӯрохии бинӣ ва гӯшашон бо клапанҳо руст шудааст. Пӯсташон ғафс мебошад. Тахтапушт, шикам ва думашон бо сипарҳои шохин пӯшида шуда, мағзи сар, узвҳои босира ва сомеашон хеле нағз инкишоф ёфтаанд. Дили Тимсоҳ, аз 2 меъдача иборат аст, ки аз ҳамдигар ба воситаи девора ҷудо мешаванд.

timsoh
Тимсоҳҳо дар дарёю кӯлҳо ва ботлоқҳои сероби мамлакатҳои тропикӣ маскун шудаанд. Аксари онҳо шабона ба шикор мебароянд. Хӯрокашон моҳӣ, паррандаю ҷонварони ширхӯри обӣ, нармбаданхо ва харчангшаклҳо мебошанд. Дар ҷойҳои тунукоби дарё ва обишхӯр ба ширхӯрҳои калон низ ҳамла мекунанд. Тимсоҳи модина дар қуми тунукобаҳо ё зери баргҳои пусидан растаниҳои ботлоқӣ 20—100 дона тухм мегузорад. Дар баъзе мамлакатҳо Тимсоҳ ҳангоми хушк шудани об зери лойқа даромада то мавсими боришот хоб мораванд. Тимсоҳ ба чорводорӣ баъзаи зарар мерасонанд; Тимсоҳи калон баъзан ба одам ҳам ҳамла мекунад. Аҳолии як қатор мамлакатҳои тропикй гӯшти Тимсоҳро мехӯранд. Аз пӯсти Тимсоҳ сумка, ҷомадон, зин ва дигар лавозимот месозанд.
Солҳои охир аз сабаби бисёр шикор кардани Тимсоҳ миқдори онҳо хеле кам шуда истодааст. Дар ШМА, Куба, Япония Тимсоҳро дар фермаҳои махсус парвариш мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …