ТИФУЛЕЗ, як навъ касалии растаниро гӯянд, ки занбӯруғҳои ҷинси тифула — Тuphila ба вуҷуд меоранд. Бештар ба гандум, себарга, резак ва ғайра зарар мерасонад. Асосан дар ноҳияҳои серрутубат пайдо мешавад. Гандум ба Тифулез бештар тирамоҳ ва баъзан баҳор гирифтор мегардад.
Манбаи касалӣ — растаниҳои худрӯи хӯшадор, баргу пояи гандуми касал, ки дар саҳро мондааст ва хоки занбӯруғдор. Тадбирҳои мубориза: шудгори чуқури тирамоҳӣ, баҳорон мола кардан, алафҳои бегонаро нест намудан.