Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТИБРИЯТ

ТИБРИЯТ

fiziolechenie-290x200

ТИБРИЯТ (арабӣ — нобудшавӣ), себорея, як навъ бемори пӯстро гӯянд. Ҳангоми Тибрият дар қисми мӯйноки сар бисёр пулакчаҳои сафеду хокистарранг пайдо мешаванд. Бештар дар давраи балоғат ба вуҷуд меояд. Пайдоиши Тибрият ба ихтилоли асабиву эндокринӣ ва дар натиҷаи он вайрон шудани кори ғуддаҳои чарбӣ вобаста аст. Тибрияти рақиқ (аз бисёр ихроҷ шудани чарбу падид меояд), ғализ (дар натиҷаи кам ихроҷ шудани чарбу пӯст хушк мешавад) ва омехта мешавад.
Пешгирӣ: тоза нигоҳ доштани пӯсти бадан.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …