Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТИББИ АВРАНГШОҲӢ»

«ТИББИ АВРАНГШОҲӢ»

«ТИББИ АВРАНГШОҲӢ» «Тибби Аврангзеб», асари табиб ва донишманди тоҷикзабони Ҳиндустон (асри 17) Дарвеш Муҳаммад Ҳаким Амнободӣ, ки ба Аврангзеб тӯҳфа шудааст. «Тибби Аврангзеб» нахустин асарест, ки дар он муаллиф ҳангоми баёни ҳар як мавзӯи ба ки ё он масъалаи тибби амалӣ ё назарӣ дахлдор аввал тибби форсу арабро нисбатан пурра шарҳ дода, сонӣ дар тибби ҳинд чӣ тавр ҳал шудани онро мӯъҷаз қаламдод мекунад. Дар хусуси чӣ тавр ба ҳам даромехтани ду тиб муаллиф дар муқаддимаи асар гуфтааст: «… ва чун панир бемоя намебошад, аз он ҷиҳат шаммае ба тариқи интихоб аз кутуби ҳинд андохтам ва ин китобро муштамил бар ҳафт боб сохтам». Боби 1-ум масъалаҳои анатомияю физиологияи узвҳои бадан, хосияти аносир (унсурҳо) ё аркон (рукнҳо) ва хилтҳо, боби 2-юм муолиҷаи амроз (беморӣ), боби 3-юм дафъи амрози занон, боби 4-ум куштани (безараргардонии) даҳот (металлҳо; симоб, сурб, марги муш ва ғайра) ва табобати заҳролудшавӣ, боби 5-ум тадбирҳоеро, ки мадори табобат бар онҳост ва бобҳои 6—7-ум доруҳои оддӣ ва тарзи тайёр намудани доруҳои мураккабро дар бар мегирад. Ҳар боб аз 30—70 фасл иборат аст. Муаллиф дар фасли маразҳои тифлон доир ба моҳияти солим нигоҳ доштани бачагон гуфтааст: «Бидон, ки агар ширхора шири солеҳ ва соф мемакад, ба ҳеҷ мараз мубтало нагардад. Ва агар шири фосид мемакад, ба ранҷҳои гуногун гирифтор гардад…». Дар «Тибби Аврангзеб» ба ҳар як доруи наботӣ ё маъдани мувофиқи мизоҷ ва шифобахшиаш баҳо дода шудааст. «Тибби Аврангзеб» асарест, ки омӯзиш ва таҳлили осори тибби қадимаи ҳиндро осон мегардонанд. Нусхаи асар дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба номи А. Мирзоев, таҳти рақами 768/1 маҳфуз аст.
Ю. Нуралиев, А. Алимардонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …