Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТАШКИЛОТҲОИ ҲАРБИИ БОЛШЕВИКОН

ТАШКИЛОТҲОИ ҲАРБИИ БОЛШЕВИКОН

voenka

ТАШКИЛОТҲОИ ХАРБИИ БОЛШЕВИКОН, ташкилотҳои партияи болшевикӣ, ки ба кори революционии байни қӯшунҳо бо мақсади ташкил ва мустаҳкам намуданн қувваҳои мусаллаҳи револютсия солҳои 1905 —18 роҳбари мекарданд. Большевикон дар давраи Революцияи солҳои 1905—07 аввалин ташкилотҳои ҳарбӣ ва ҷанговарро ташкил карданд. Ташкилоҳои ҷанговари партия аввал бар зидди сиёҳгурӯҳчиён ташкил шуда, баъд бо нишондоди В. И. Ленин онҳо отрядҳои армияи революционӣ ташкил карданд. Марти 1917 дар назди Комитети петербургии РСДРП(б) ташкилоти ҳарбӣ ба вуҷуд омад, ки он апрели 1917 ба ташкилоти ҳарбии назди КМ РСДРП (б) табдил дода шуд. Конференцияи умумироссиягии ташкилотҳои ҳарбии фронтӣ ва ақибгоҳии РСДРП(б) (29 июн —6 июли 1917) таҷриба бои кори партиявии байни қисмҳои ҳарбиро аз соли 1905 ҷамъбаст намуд ва лоиҳаи устави ташкилотҳои ҳарбиро қабул кард. Баъди ғалабаи Революцияи Октябр ба муносибати ҷавоб дода шудани армияи кӯҳна ташкилотҳои ҳарбӣ аҳамияти худро гум карданд. Съезди 7-уми РКП.(б) бо қарори махсус ташкилотҳои ҳарбии партияро барҳам дод.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …