ТЕКСТУРА (аз лотинӣ (textura — бофта, алоқа, сохт), дар поликристаллҳо ва ҷисмҳои сахти аморфӣ бештар ба як самт мураттабона ҷойгир шудани кристаллҳоро гӯянд, ки боиси апизотропияи хосияти материалҳо мегардад. Текстура аз таъсири шиддатҳои эластикӣ, гармӣ ва майдонҳои электрию магнитӣ ба вуҷуд меояд. Текстура меҳвари ҳамвор ва пурра мешавад.
Дар текстураи меҳварӣ кристаллҳо дар ягон самт ва дар Текстураи ҳамвор дар ҳамворӣ мураттаб ҷойгир мешаванд. Дар текстураи пурра кристаллҳо ҳам дар ҳамворӣ ва ҳам дар ягон самт мураттаб ҷойгир мешаванд. Текстура аз ҷумла ҳангоми кристаллбандӣ пайдо мешавад. Материалҳои текстурашуда дар бисёр соҳаҳои техника истифода мешаванд.