ТЕРМОМЕТР (аз термо… ва …метр), ҳароратсанҷ, асбобест барои чен кардани ҳарорат. Принципи кори Термометр ба тағйири хосиятҳои физикии моддаи дар Термометр истифодашуда асос ёфтааст.
Масалан, вобаста ба ҳарорат ҳаҷми моеъот ва газҳо (Термометрҳои моеъгӣ, Термометрҳои манометрӣ), муқовимати электрии металлҳо (Термометрҳои муқовимат), қувваи термоэлектро ҳаракатдиҳандаи термопара тағйир меёбанд.