Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМОФОСФАТҲО

ТЕРМОФОСФАТҲО

termofosfatho

ТЕРМОФОСФАТҲО, як навъ нурии минералиро гӯянд, ки 18—34% Р2О5 дорад. Хокаи вазнини хокистарранг аст. Аз рӯи хусусиятҳои физикию химиявӣ ба томасшлак монандӣ дорад. Онро ҳангоми дар трубопечҳо гудохтани (1000— 13000С) фосфатҳои табиӣ (фосфоритҳо ё опатитҳо) бо иловаи намакҳои ишқорӣ (сода, ишқор, сулфатҳои натрий, калий ё магний), силикатҳои ишқории табиӣ (фонолит, лейцит) ё дажғоли металлҳо ва оҳаксанг ҳосил мекунанд. Гудохтаи онҳоро хунук ва майда менамоянд. Термофосфатҳо аз намакҳои дучандаи калцию натрий (ЗСаО • Nа2О • Р2О5 • SiO2, калцию калий [(СаО)2 • К2О • Р2О5 • СаО –SiO2), инчунин тетрафосфатҳо, силикофосфатҳо ва фосфатҳои магний иборатанд. Термофосфатҳоро баъзан реназитҳо (аз немисӣ «ренания» — фосфат) мегӯянд. Фосфатҳои гудохтаи магнийдор ва фосфатҳои бефтор низ ба Термофосфатҳо мансубанд.
Термофосфатҳо барои ҳама гуна навъи хоку зироат мувофиқанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …