Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕРМИТ

ТЕРМИТ

ТЕРМИТ аз юнонӣ ( гармӣ), омехтаи хокаи алюминий (баъзан магний)-ро бо оксиди металлҳои гуногун (асосан оҳан) гӯянд, ки хангоми сӯзиш гармии зиёд (беш аз 2000°С) хориҷ мекунад. Термити оҳану алюминий бештар маъмул аст. Термити мазкурро барои кафшери релсҳо, рехтани деталҳои калон истифода мебаранд. Ҳарорати алангагирии чунин Термит то 1300°С мерасад (ҳарор, омехтаи оташдиҳанда 800°С)  оҳан ва дажғолҳое, ки ҳосил мешаванд, то 2400°С гарм мешаванд. Термитҳое низ мавҷуданд, ки барои кафшери симҳои телефону телеграф истифода мешаванд. Дар техникаи ҳарбӣ Термитро чун моддаҳои даргиронанда кор мефармоянд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …