Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕОСОФИЯ

ТЕОСОФИЯ

ТЕОСОФИЯ (аз юнонӣ thеоs — худо ва sofia — харид), ба маъим васеаш таълимоти динию ирфониест, ки ба кашфи «сирру асрори» илоҳӣ иддао дорад. Дар «Ареопагитикҳо» (асарҳои динию фалсафии файласуфи юнон Дионисий) Теософия муродифи теология мебошад. Вале дар байни онҳо фарқ ҳаст. Теология дар маърифату исботи худо манбаъҳои муқаддас, аркон, русуму аҳкоми динӣ на ғайра бошад, бештар маърифати ирфониро асос мекунад. Ғояҳои Теософия дар таълимоти гиостицизм, навафлотуния, қаббала, баъзе фирқаҳои гуногуни дини масеҳӣ ва ғайра мушоҳида мешавад. Системаи таълимоти теософияро Е. П. Славатская (1831—91)ва пайравони ӯ ба вуҷуд овардаанд, ки аз унсурҳои динҳои бараҳмания, буддоия, ҳиндуия, оккултизм ва гностицизм таркиб ёфтааст. Е. П. Блаватская ва пайравони ӯ бо мақсади ба вуҷуд овардани дини ягонаи умумиҷаҳони ҷамоати махсуси теософиро таъсис намудани (соли 1875 дар Нью-Йорк, минбаъд соли 1879 маркази он ба Мадраси Ҳиндуотон кӯчонида шуд). Мувофиқи ақидаи онҳо, мақсади ниҳоии инсон донистани илми ғайб аст, ки бо роҳи махсуси ирфонӣ ба даст меояд ва он танҳо ба ашхосе муяссар мегардад, ки аз айшу ишрати дунявӣ дур шуда, аз лиҳози маънавӣ камол ёфтааст. Дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ғояи Теософия дар ҷараёнҳои дини ирфонии тасаввуф, исмоилия ва ғайра мушоҳида мегардад. Аз ҷумла дар тасаввуф зикр шудааст, ки маърифати оллоҳ ба воситаи аҳкому маросимҳои дини ислом муяссар намегардад, лекин пайравӣ ба онҳо зинаи аввали эътиқод аст; эҳтиёҷ ба зинаҳои баъдина, яъне шариату тарицату ацицат мавҷуд аст ва инсон пас аз тай намудани онҳо ҳақиқати илоҳиро дарк карда метавонад. Назарияи онҳо доир ба фано ва бақо асоси ақидаи пайваст шудани инсон бо худост. Аз ин ҷо мақсади асосии ҳаёт тавҳид аст, ки онро ба роҳи тариқат дарёб кардан мумкин аст. Дониши ҳақиқӣ дар бораи ваҳдати вуҷуд аз зинаи илмуляция оғоз шуда, дар зинаи айнуляция мукаммал мегардад. Дар ин зина инсон вуҷуди худоро дарк мекунад ва ниҳоят, ба дараҷаи ҳаққуляқин мерасад ва аз асрори илоҳӣ огоҳ шуда ба дараҷаи ҳулул меояд. Системаи теософии тасаввуф аз Робиал Адвия (713—801), Мансури Ҳаллоҷ (858 —921) оғоз ёфта, минбаъд дар таълимоти намояндагони барҷастаи он Абӯсаиди Абулхайр (967—1049), Суламӣ, Ҳарақонӣ (вафот 1033), Ансорӣ, Ибни Арабӣ, Саноӣ, Аттор, Абдулқодири Гелонӣ, Абдураҳмонл Ҷомӣ, Юсуфи Қаробоғӣ ва дигарон инкишоф ёфтааст. «Фусус-ул-ҳиқам», «Тазкират-ул-авлиё», «Маснавии маънавӣ», «Ҳадиқат-улақоиқ», «Юсуф ва Зулайхо», «Нафаҳот-ул-унс мин қударат ул-қудс», «Тӯхфат-ул-Аҳрор» ва ғайра муҳимтарин осори тасаввуфӣ мебошанд, ки дар рушди Теософия суфия таъсири зиёде доранд.

Теософия то имрӯз дар шаклҳои гуногун вуҷуд дорад, ки антропософия ва мистицизм (ирфон)-и муосир навъҳои он мебошанд.

Адабиёт: Одилов Н., Чаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ Душанбе, 1065.

С. Аҳмадов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …