Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТЕОДОРАКИС Микис

ТЕОДОРАКИС Микис

teodorakis

ТЕОДОРАКИС Микис (таваллуд 29. 7. 1925, ҷазираи Хиос), композитор ва ходими ҷамъиятию сиёсии Юнон. Иштирокгари Ҳаракати муқобилат. Соли 1950 Консерваторияи Афинаро хатм намуда, солҳои 1953—59 дар Консерваторияи Париж маҳораташро такмил додааст. Аз соли 1959 дар Юнон. Депутати парламент аз Партияи ягонаи демократист (1964 —67). Соли 1967 баъди табаддулоти ҳарбӣ ҳабс ва 1968 бо талаби қатъии халқҳои тараққипарвари ҷаҳон озод шуд. Соли 1969 маҳбуси концлагери Оропоси назди Афина буд. Аз соли 1970 дар Франция зиста, июли 1974 ба Юнон баргашт. Муаллифи асарҳои симфонӣ, камеравӣ, суруд ва рақсҳост. Асарҳои намоёни Теодоракис: операи «Боргоҳи фариштаҳо», балети «Орфей ва Эвридика», , «Антигола» «Суруд дар васфи бародари шаҳид», «Хушдорҳо аз Теруэл» ва ғайра; мусиқӣ ба спектаклҳои драмавӣ (ба фоҷиаи «Шоҳ Эдип»-и Софокл ва ғайра) ва филмҳо; асари вокалии «Эпитафия» (ба хотираи шаҳидони намоиши зиддифашистӣ), асарҳои вокалию симфонии «Юнон» ва «Шараф» (оид ба муборизаи юнотниён барои озодӣ аз зулми истилогарони фашистӣ). Боре чанд ба СССР омада рафтааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …