Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТЕНЗОР

ТЕНЗОР

tenzor

ТЕНЗОР (аз лотинӣ tensus — боиддат, таранг), истилоҳи математикист, ки дар миёнаҳои асри 19 ба вуҷуд омад. Истилоҳи «Танзор» бештар дар ҳисоби тензорӣ маъҷуд аст. Тензор гуфта бузургиҳои хосаро меноманд, ки аз рӯи қонуни махсус табдил дода мешаванд. Истилоҳи «Тензор» дар механика, хусусан дар назарияи чандирӣ, ҳамчун муродифи аффинори симметрӣ истифода мешавад. Аффинори симметрӣ гуфта, оператори хаттии Ф-ро гӯянд, ки вектори х-ро ба вектори Фх табдил медиҳад. Аффинор ба он маъно симметрист, ки ҳосили зарби скалярии уФх ҳангоми иваз кардани ҷои векторҳои х ва у тағйир намеёбад. Сонитар «тензор»- ро дигар соҳаҳои механика низ истифода мебурдагӣ шуданд. Масалан, тензори деформация, тензори шиддат, тензори инерция ва ғайра.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …