Маълумоти охирин

ТЕҒ

ТЕҒ, шонаи бофандагист, ки тори чизи бофтанӣ аз он мегузарад. Найи борики миёнкафидаро суфта намуда, аз ду тарафи наи гирда зич баста, Теғ тайёр мекарданд, ки дарозиаш аз 32 см то 1 м 20 см, баландиаш аз 8 см то 14 см мешуд. Теғи дӯкони дастӣ нисбат ба Теғи дӯкони мошинӣ кӯтоҳтар, фосилаи байни теғи шонаҳо низ тангтар буд. Чунин Теғ барои бофтани матоъҳои камбар истифода мешуд ва онро теғи ҳангомаи кораш танг меномиданд. Ҳоло Теғи дӯконҳои бофандагии саноатиро аз филизот тайёр мекунанд. Теғи дастӣ ҳоло аз байн рафта истодааст. Ҷ. Азимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …