Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ ЛЕНИНГРАД

ТЕАТРИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ ЛЕНИНГРАД

ТЕАТРИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ ЛЕНИНГРАД, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. М. Киров, яке аз кӯҳнатарин ва калонтарин театрҳои мусиқии СССР. Дар инкишофи санъати опера ва балети рус роли калон бозидааст. Таърихи театр аз соли 1783, оғоз ёфтааст. Сарояндагони опера — Л. В. Собинов, И. А. Мельиков, Е. К. Мравина, Ф. И. Стравинский, Н. Н. Фигнер. Ф. И. Шаляпин, И. В. Ершов, устодони балет — Т. П. Карсавина, А. П. Павлова, В. Ф. Ниживский ва дигарон бо маҳорати касбӣ ва истеъдоди баланди худ шӯҳрати театрро афзун карданд.

14813818620e9

Аз соли 1919 академӣ, аз соли 1920 театр номи Театри давлатии академии опера ва балетро гирифта, соли 1935 ба он номи С. М. Киров дода шуд. Соли 1039 бо ордени Ленин мукофотонида шудааст. Инкишофи фаъолияти давраи советии театр бо эҷодиёти солистони опера — М. О. Рейзен, К. Н. Лаптев, С. П. Преображенская, Б. Т. Штоколов ва артистони балет — М. Т. Семёнова, Г. С. Уланова, Н. М. Дудинская, К. М. Сергеев, В. М. Чабукиани, дирижёрон — Е. А. Мравинокий, Б. Э. Хайкин, режисиёрон — С. Я. Радлов, Л. Б. Баратов, балетмейстерон — Ф. В. Лопухов, К. М. Свргеев ва дигарон алоқалганд аст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …