Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚӢ ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚӢ ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ

ТЕАТРИ ДРАМАИ МУСИҚӢ ба номи Рӯдакии шаҳри Хоруғ (то соли 1940 Театри мусиқи ва аз соли 1958 драмаи мусиқии ба номи Рӯдакӣ), коллективи эҷодӣ, ки соли 1996 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати шаҳр ташкил ёфт.

1021304545

Аввалин артистони театр —Ғ. Ғуломалиев, Б. Карамхудоев. Г. Қадамшоева, Д. Бекова, А. Ибодуллоеаа, Қ. Ноёбшоев. М. Шакаринов (ҳамаги 13 кас), фаъолияти худро а          з ҳамин театр сар кардаанд. Роҳбари бадеии ин ҳайат Шариф Бақоев буд. Спектаклҳои беҳтарин «Аршин-мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (1939), «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар (1946), «Макр ва муҳҳаббат»-и Шиллер (1947), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳамададзода ва Волькенштейн (1948), «Нисо»-и В.        И. Витальев (1956) «Шафақҳои Помир»-и И. Павлов (1958), «Ҳалокати одат»-и М. Назаров (1960), «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молер (1965), «Мо аз Боми Ҷаҳон»-и Р. Абдулло (1969), «Чинори гӯс»-и С. Саидмуродов (1968), «Дуэл»-и Ж. Байҷиев (1969), «Ҳурият»-и Ғ. Абдулло (1970), «Тӯн»-и Самад Ғанӣ (1971)          , «Байрақи мактаб»-и М. Миршакар (1971), «Интиқом»-и С. Сафар (1972)    , «Писари гумроҳи Э. Ранет (1072), «Супориши махсус»-и А. Балакаев (1973), «Меҳмон аз Помир»-и Ф. Тошмуҳаммадов (1973), «Ситораи умед»-и Ғ. Абдулло (1976), «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Ҷоп сердаромад»-и А. Островский (ҳар ду 1977), «Ваня таго»-и А. Чехов (1980), «Қиссаи Зайнаббибӣ»-и С. Саидмуродов (1983) ва ғайра. Ҳоло (1984) дар ҳайати эҷодии театр Артисти Халқии РСС Тоҷикистон Б. Карамхудоев, Ғ. Худоёрбекова, М. Дилдорова, С. Шоисмоилова, С. Бандишоева, ҳофизони халқӣ М. Хӯҷамёров, М. Қурбонҳусейнов, Ходимони Хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Ё. Ашӯрмаҳмадов, Р. Муродҳусейнов. Артистони Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А. Давлатов, П. Завқибеков, 3. Искандарова, М. Мамадазизов ва дигарон ҳунарнамоӣ мекунанд. В. Раҳматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …