Маълумоти охирин

ТАЗОД

ТАЗОД (арабӣ — зидди ҳамдигар будан), дар адабиёт аз санъатҳои бадеиест, ки дар он ашё, сифатҳои онҳо, давру замон ва ғайра ба ҳам муқобил гузошта мешаванд. Тасвири тазоддӣ барои тасдиқ ва инкори ҳар ду ашё ё сифати онҳо ва ё яке аз онҳо омада мотавонад. Масалан, дар ин байти Рӯдакӣ абри гирёну замини хандон ба ҳам муқобил гузошта шудаанд:
Ба навбаҳорон биситоӣ абри гирёнро,
Ки аз гиристани ӯст ин замин хандон.
Санъати Тазмин аз қадим дар адабиёти тоҷик маъмул буд. Дар эҷодиёти намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик санъати мазкур ба таври фаровон истифода шудааст. Масалан, Низомӣ на фақат дар тарзи ифода Тазминро ба кор мебарад, балки образҳо ва лавҳаю воқеаҳои асарҳои у ҳам характери тазоддӣ дорад. Тазмин дар адабиёти имрӯзаи тоҷик ҳам истифода мешавад. Махсусан муқобилгузории замони наву кӯҳна ба заминаи инкишофи ин санъат мусоидат кардааст. Аз ҷумла, дар шеърҳои Мирзо Турсунзода Тазмин хеле зиёд истифода шудааст. Тазмин дар адабиёт бо мақсади пуртаъсир кардани сухан ва муассиртар баён намудани фикр корбаст мешавад. Ба воситаи он конфликти асари бадеӣ дар назари хонанда бештар аён мегардад. Тазмин инчунин барои тасвири авзои рӯҳии персонажҳои асари бадеӣ, нишон додани зиддиятҳои афкору омоли образҳои мусбату манфӣ, мавқеи нҷтимоии онон, инчунин дар офариниши манзараҳои табиат истифода мешавад. Х. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …