«Ништари ишқ» тазкираест, ки Ҳусайнқуллхони Азимободӣ соли 1918/19 дар Ҳиндустон таълиф кардааст. Аз муқаддима ва 28 боб (мувофиқи ҳуруфи алифбои арабӣ) иборат аст, ки муаллиф онҳоро «ништар» номидааст. Дар муқаддима муаллиф аз нияти тартиб додани тазкира, аз сафарҳову мулоқотҳояш бо шоиру нависандагони муосир, ҷамъоварии намунаҳои ашъори шоирон ҳикоят мекунад. Ҳусайнқуллхони Азимободӣ тамоми маъхазҳои дар таълифи «Ништари ишқ» истифодакардааш (тазкираҳо, асарҳои таърихӣ, осори бадеӣ ва ғайра)-ро номбар кардааст, ки шумораи онҳо беш аз 80 аст.
Дар қисмати асосии «Ништари ишқ» муаллиф оид ба зиндагиву аҳволи 1470 шоири форсизабон аз пайдоиши шеъри форс-тоҷик то замони худ маълумот дода, аз эҷодиёти онон намунаҳо меоварад. Маълумотн «Нишрати ишқ» нисбат ба тазкираҳои дигар пурратар аст. Муаллиф дар бораи намунаҳои ашъори интихобкардааш баъзе фикру ақоиди танқидии худро баён кардааст. Баъзе шоирони муосирашро, ки аз дигар тазкираҳо берун мондаанд ба «Ништари ишқ» дохил кардааст. «Ништари ишқ» ҳамчун маъхази муҳимми адабӣ ва таърихй дар давраҳои минбаъда мавриди истифодаи тазкиранависон ва муҳаққиқоти таърихи адабиёти форс-тоҷик қаpop гирифт.