Маълумоти охирин

ТАЗКИРА

ТАЗКИРА (арабӣ —ёддошт, ёдоварӣ кардан), маҷмӯаест, ки дар он шарҳи ҳол ва намуоди осори манзуми шоирон мухтасар оварда метавад; яке аз шаклҳои асримиёнагии адабиётшиносӣ; сарчашма барои омӯзиш ва тадқиқи адабиёт.

books
Тазкиранигорӣ дар адабиёти форс- тоҷик таърихи дуру дарозе дорад. Қадимтарин асарҳо дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, ки ба тазкира монанди доранд, ниҳоянд: «Тазкираи мусаввар»-и Муҳаммади Ровандӣ (бо тасвири шуаро ба қалами Ҷамоли Наққоши Исфаҳонӣ, таълифаш 1172), «Маноқиб-уш-шуаро»-и Камолуддини Хотунӣ (асри 12), «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (таълифаш 1177), «Китобушшеър ваш-шуаро»-и Диловарӣ (охири асри 11 ибтидои асри 12). Нахустин асаре, ки бо маънои том метавон тазкира номид, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфии Бухороӣ мебошад. Дар асрҳои баъд тазкираҳои зер таълиф шудаанд: равзаи 7-уми «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Таакират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Тӯҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ, «Музаккир-ул-аҳбоб»-и Нисории Бухороӣ, «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ, «Муазкир-ул-ӣсҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ, «Туҳфат-ил-аҳбоб фӣ-тазкират-ил-асҳоб»-и Возеҳ, «Таакор-ул-ашъор»-»и малзуми Садри Зиё ва ғайра. Тазкираҳо бештар аз муқаддима, қисми асл (ки муаллиф шарҳи ҳол ва намунаи ашъори шоиронро меорад) ва хотима иборат мебошанд. Исми шуаро дор тазкираҳои форсӣ-тоҷикӣ ба тарзи гулогун омадаанд: 1) Алифбоӣ (аз рӯи ҳарфи анвали исм е тахаллуси шоир) —«Нафоис-ул-осор», «Харобот»-и Мирзо Ҳакими Гелонӣ, «Арафот-ул-ошиқин»-и Тақиуддини Муҳаммади Ҳусайнӣ, «Хазинаи ганҷ»-и Имодуддин Маҳмуди Ҳамадонӣ, «Тазкираи Ҳусайнӣ»-и Ҳусайнӣ, «Ништари ишқ»-и Хусайяқулихони Азимободӣ ва ғайра; 2) Таърихӣ (аз рӯи соли вафот ва замони шоир) — «Хулосат-уш-шуаро»-и Муҳаммади Сӯфӣ, «Майхона»-и Абдуннабии Фахруззамонии Казвивӣ, «Таърихи Ҷаҳонгирӣ»-и Мутрибӣ, «Баҳористони сухан» ва «Сарви озод»-и Ғуломалихони Озоди Балгиромӣ, «Ҳафт иқлим»-и Амин Аҳмади Розӣ ва ғайра; 3) Ҷуғрофӣ (мувофиқи макон ва шахре, ки ватани шоирон буд)— «Лубоб-ул-албоб» (хусусияти сулолавӣ ҳам дорад). «Тазкираи Базморо»-и Саидалии Ҳусайнӣ, «Ҳафт иқлим». «Оташкада»-и Озар, «Латоиф-ул-хаёл» ва ғайра: 4. Мазҳабӣ (суннӣ ва шиа) — «Гули раъно», «Ангас-улчаҳбоб»; 5) Исми шуаро аз рӯи муқаддасии макон — «Маҷмаъ-уш-шуаро»-и Ҷаҳонгирӣ ва «Анис-улнаҳбоб»; 6) Аз рӯи шуғли шуаро ва фузало — фаслҳои чудогонаи «Лубоб-ул-албоб» ва «Моҳаки шуаро» (дар онҳо муаллифон аввал аксари подшоҳон, сипас зикри шоҳзодагон, баъд зикри умарои дарбор, дар охир зикри шуароро овардаанд). Тазкираҳо ба ду қисм: умумӣ ва хусусӣ тақсим мешаванд. Тазкираҳои умумӣ шомили зикри шуарои мутақаддим ва мутааххир мебошанд ё худ шоирон сарфи назар аз макону замони зиндагӣ зикр мешаванд: «Лубоб-ул-албоб», «Ҳафт иқлим», «Хулосат-ул-ашъор», «Арафот-ул-шиқия», «Яди байзо», «Риёз-уш-шуаро», «Ништари ишқ», «Рӯзи равшан» ва ғайра. Дар тазкираҳои хусусӣ сухан аз аҳволу осори гуруҳи хоси шуаро ё муосирони тазкиранигор меравад: «Музаккир-ул-аҳбоб», «мақолот-уш-шуаро», «Нигористони сухан», «Таърихи Ҷаҳонггарӣ» ва ғайра. Тазкира ҳо аз рӯи матлаби муаллиф низ ба ду тақсим мешаванд: асил ва ғайри асил. Дар тазкираҳои асил қариб тамоми матлаб аз они худи муаллиф мебошад: «Лубоб- ул-албоб», «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб», «Музаккир-ул-аҳбоб», «Майхона» ва ғайра. Тазкираҳои ғайри асил — тазкираҳое, ки матлаби худро муаллифон аз ҷои дигар овардаанд: «Хулосат-ул-ашъор», «Хулосат-уш-шуаро», «Ҳадоиқи ишрат» ва ғайра. Авъанаи тазкиранигорӣ дар рӯзгори мо ҳам идома дорад. «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ аввалин тазкира дар адабиёти советии тоҷик аст. У. Назиров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …