Маълумоти охирин

ТАЙГА

ТАЙГА, номи бешаҳои сӯзанбарги минтақаи муътадили шимолист, ки аз дарахтони коҷ, санавбар, дарахти роздор, дарахти ҷалғуза, қисман дарахтони паҳнбарг ва ғайра иборатанд. Тайга дар қисми шимолии минтақаи мӯътадил ҷойгир буда, территорияҳои бепоёни шимоли Евросиё ва Америкаи Шимолӣ, ноҳияҳои кӯҳии Европа, Кавказ, Тиёншон, ғарби Хитой, ҷазираҳои Япон, соҳилҳои уқёнуси ороми Американ Шимолӣ ва ғайраро дар бар мегирад; ҳарорати миёнаи июл 10— 18°С аст.

taiga

Аз ҷиҳати минтақа он ба тайгаи шнмолӣ, тайгаи мобайнӣ ва тайгаи ҷанубӣ тақсим мешавад. Дар СССР ин қисмҳо дар ҳамвориҳои Европаи Шарқи ва Сибири Ғарбӣ нисбатан хубтар мушоҳида мешаванд. Аз рӯи таркиби наботот тайга 2 хел мешавад: тайгаи бешаҳои дарахтони сӯзанбарги тира (коҷ, дарахти роздор, санавбари сибири ва ғайра) ва тайгаи бешаҳои дарахтони сӯзанбарги равшан (ҷалғӯза, баъзе намудҳои санавбари америкоӣ). Дар фаунаи тайга ҳайвонот нисбатан кам аст. Аз паррандаҳо ғурғурак, чилмурғ, клёст ва аз ширхӯрҳо шоҳгавазн, хирс, силовсин, санҷоб ва ғайра дида мешаванд.
Тайга манбаи асосии чӯб ва ашёи хам барои саноати химияи ҷангалӣ мебошад.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …