Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / ТАХТИ ҶАМШЕД – Персеполис

ТАХТИ ҶАМШЕД – Персеполис

ТАХТИ ҶАМШЕД, Порсо, Персеполис, шаҳре дармузофоти Форси Эрон, воқеъ дар шимолу шарқтари Шероз (50 км дуртар). Яке аз пойтахтҳои давлати Ҳахоманишиён буд. Дар ривоятҳои эронӣ баромади номи Тахти Ҷамшедро ба шоҳи афсонавии Эрон Ҷамшед нисбат медиҳанд. Тахти Ҷамшед асосан солҳои 520—460 то мелод дар аҳди Дорои I ва Хашиёршощ дар доманакӯҳ бунёд ёфта, бо қалъа иҳота шудааст. Он то вақти аз тарафи Искандари Мақдунь ба димна табдил дода шуданаш (соли 330) қароргоҳи Ҳахоманишиён буд. Дар ибтидои асри 17 сайёҳи италиявй Петро делла Валле аз димнаи Тахти Ҷамшед намунаҳои хати мехиро пайдо намуд.

persepolismap

Бо роҳбарии олими немис Э. Ҳерцфельд (1931— 34) ва Э. Шмидт (1935—39) дар Тахти Ҷамшед ва атрофи он ҳафриёти археологӣ гузаронида шуд. Аз соли 1939 сар карда археологҳои Эрон (аввал бо сардории олими франсавӣ А. Годар, баъдтар бо роҳбарии бостоншиносони Эрон М. Мустафовӣ ва А. Сомӣ) ҳафриёт гузарониданд. Дар натиҷа маълум гашт, ки ба суфаи шаҳр бо зинаҳои сербари боҳашамати сангин баромада, ба воситаи гузаргоҳи байни ду муҷассамаи барзаговодам ба майдони шаҳр ворид мешудаанд. Аз майдон ба толорҳои серсутуни азими қабулгоҳи шоҳ — Ападанаи Дорою Хашиёршоҳ ва ападанаи Садсутун дохил шудан мумкин буд. Девори ападанаҳо аз хишти хом, болорҳояш аз чӯб, сутунҳо ва бошаи барзаговандоми онҳо аз санги сафед бино ёфта будаанд. Ападанаи Дорою Хашиёршоҳ (масоҳати 62,5Х Х62,5(м) аз қаторсутуну зинапояҳои мунаққаши ҳаккокишуда иборат буд. Дар паяи ападанаҳо биноҳои иқоматӣ ва хоҷагӣ ҷой гирифта буданд.
Ин нақшу тасвирот ҷиҳатҳои хоси ҳаёти моддӣ ва мадании халқҳои тобеи Ҳахоманишиён (Осиёи Миёна ва Қазоқистони имрӯза) бинокорӣ, сарулибос, яроқ ва хусусиятҳои антропологиро таҷассум месозанд ва дар омӯзиши таърихи ин халқҳо роли калон мебозанд. Санъати меъмории Тахти Ҷамшед монументалӣ ва мураккаб буда, маданияти хос ва тарзи давлатдории Ҳахоманишиён, зисту зиндагонии халқҳои империя, намоиши ҳарбиён, шоҳон, манзараҳои ҳарбу зарби шоҳон бо аждаҳо, бузургӣ ва ҳашамати давлати онҳо, дин ва идеологияи қадими эронзаминро инъикос менамояд. Агар осори пойтахти Куруши Кабир — Пасаргад ибтидои санъати меъмории замони Ҳахоманишиёнро инъикос намояд, комплекси осори Тахти Ҷамшед аз равнақи мин баъдан ин санъат дарак медиҳад. Катибаҳои хати мехии девори қасрҳо бо супориши шоҳони ҳахоманишӣ дар се сутун ба се забон (эламӣ, оромӣ ва форсии қадим) ва се ҳуснихат кандакорӣ шудаанд. Дар онҳо рӯйхати мамлакат ва халқҳое, ки дар ҳайати давлатҳои Дорои I ва Хашёршоҳи I буданд, оварда шудааст. Дар рӯйхат номи кишвар ва халқҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистони имрӯза низ зикр ёфтаанд. Аз Тахти Ҷамшед қариб 2000 дастхату ҳуҷҷатҳои ба забонҳои эламӣ ва оромӣ таълифшуда ёфт шудаанд. Мақбараҳои шоҳон низ боқӣ мондаанд, ки аз санъати баланди меъмории он давр шаҳодат медиҳанд.
Осори боқимондаи Тахти Ҷамшед дар натиҷаи ҳафриёти бисёрсолаи бостоншиносон кашф шудааст. Боқимондаҳон Тахти Ҷамшед чун намунаи меҳнати пурмашаққати бинокорон, меъморон ва ҳаккокони қадим ба зиёраттоҳ табдил ёфтааст. Соли 1973 дар Тахти Ҷамшед 2500— солагии давлати Эрон ҷашн гирифта шуд.
Адабиёт: Всеобщая история архитектуры, том 1, издателство 2, Москва, 1970; Унлер М., Пламя над Персеполем, Москва, 1972.
Я. Я. Неъматов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …