Маълумоти охирин

ТАВҚЕЪ

ТАВҚЕЪ (арабӣ  —шарҳи поварақ), як навъ хати арабист, ки ба таркиби ситта — хутути шашгонаи классикӣ дохил мешавад. Аз асри          10 ин ҷониб маъмул аст. Азбаски фармоиҳои шоҳон (тавқеот) ва ҳукмномаҳо (ғазавот) бо ин хат навишта мешуданд, чунин нам гирифтааст.

dinor

Тарзи навишти ҳарфҳои ин навъи хат ба хати сулс шабоҳат дорад, вале ҳарфи алиф () ва чузъҳои амудии ҳарфҳои дигар нисбатан кӯтоҳ навишта мешаванд. Сараки ҳарфи бе () ва дигар ҳарфҳои ҳамшакли он дар алоҳидагӣ ва дар аввали калима каме ба поён хамида аст. Каҷии дамани ҳарфҳои дол (), ро (л ), вов () ва монанди инҳо, ки онро шамра гӯяяд, бештар аст. Домани ҳарфҳои ҷим (), айн (), лом () ), ниҳоят печида буда, агар дар хати настаълиқ ҳарфи мим () алоҳида ростхатта бошад, дар хати Тавқеъ баръакс, домани он ба боло тоб хӯрдааст. Ҳарфи алиф бо ҳарфи ломи баъдина аксар якҷоя навишта мешавад. Сараки ҳарфи коф () каме ба поён хамида аст. Ҳарфҳои мунфасила (начаспанда) баъзан бо ҳарфи баъдина омада якҷоя навишта мешаванд. Тавқеъ мушобеҳи хати шикаста яст. Э. Оқилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …