Маълумоти охирин

ТАЪВИЛ

ТАЪВИЛ (арабӣ баён кардан, шарҳ додан), муродифи тафсир буда, аз он моҳиятан фарқ мекунад. Агар далел боэътимод бошад, онро тафсир ва агар шубҳанок бошад, таъвил гӯянд. Аз ин рӯ, оятҳое, ки дар натиҷаи тафсир аз маънои аслии худ дур меравад, таъвил номида мешаванд. Он якчанд дараҷа дорад; таъвили мақбул (аз доираи ақидан асосии исломӣ берун намебарояд), таъвили таъвил (хоси исмоилия буда, ибораи таъвилшаванда аз маънои ҳақиқиаш дур мешавад), таъвили рамзӣ ва ғайра. Шиаҳои ифротӣ низ калимаю ибораҳои Қуръонро ба манфиати худ таъвил мекарданд. Таъвил бештар ба фирқаҳои ғайрисуннӣ хос аст. В. Веков.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …