Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАСРИФ

ТАСРИФ

ТАСРИФ, вобаста ба шахс, шумора ва замон тағйирёбии феълҳоро гӯянд. Тасриф бо бандакҳои феълӣ ё флексияи феълӣ ифода шуда, ба замону сиғаҳо низ вобастагӣ дорад. Шаклҳои феълии забони тоҷикӣ се хел тасриф мешаванд. Шаклҳое, ки аз асоси замони ҳозира сохта шудаанд. ба тасрифи якум мансубанд. Дар сиғаи хабарӣ шаклҳои замони ҳозира-оянда ва феъли ёридиҳандаи замони оянда ҳамин тарз тасриф мешаванд (ме- хон-ам, мехон-ӣ, мехон-ад, -ем, -ед, анд; хоҳ-ам хонд, хоҳ-ӣ хонд. хоҳад хонд, -ем, -ед, -анд). Тамоми шаклҳои сиғаи шартй-хоҳишмандӣ низ ҳамин тавр тасриф меёбанд (хон-ам, хон-ӣ, хон-ад, -ем, -ед, -анд; хонда бош-ам, хонда бош-ӣ, хонда бош-нд, -ем, -ед, -анд; мехонда бош-ам, мехонда бош-ӣ, мехонда бош-ад, -ем, -ед, -анд; хонда истода бош-ам, хои- да истода бош-ӣ, хоида истода бош- ад, -ем, -ед, -анд). Шаклҳои сиғаи амрӣ ҳам ҳамин тарз тасриф мешаванд (хон—хонед). Шаклҳои феълие, ки аз асоси замони гузашта сохта шудаанд, ба тасрифи дуюм тааллуқ доранд. Дар сиғаи хабарӣ замони гузаштаи содда, замони гузаштаи ҳикоягӣ ва замони гузаштаи дур бо ҳамин тасриф тағйир меёбанд. Аз ин шаклҳо шахси сеюми танҳо бандак надорад ва бо асоси замони гузашта баробар аст: хоид-ам, хоид-и, хонд, -ем, -ед, -анд; мехондам, мехонд-ӣ, мехонд, -ем, -ед, -анд; хонда буд-ам, хонда буд-и, хонда буд-ам, -ед, -анд. Шакл- ҳои тасрифии феълие, ки аз сифат- ҳои феълӣ сохта шудаанд, ба тасрифи сеюм тааллуқ доранд. Тасрифи онҳо бо бандакҳои хабарӣ ифода мешавад. Ду шакли муайяни сиғаи хабарӣ (замони ҳозираи муайян ва замони гузаштаи муайяни нақлӣ) ба ин тасриф мансуб аст: хонда истода-ам, хонда истода-ӣ, хонда истода-аст, -ем, -ед, -анд; хонда истода буда-ам, хонда истода буда-ӣ, хонда истода буда-аст, -ем, -ед, -анд. Фақат замони гузаштаи муаиян ба тасрифи дуюм мансуб аст: хонда истода будам, хонда истода буд-ӣ, хонда истода буд-ем, -ед, -анд. Шаклҳои нақлии сиғаи хабарӣ бо тасрифи сохт тағйир меёбанд: хонда-ам, хонда-ӣ, хонда-аст, -ем, -ед, -анд; меоонда-ам, мехонда-ӣ, мехон- да-аст, -ем, -ед, -анд: хонда буда-ам, хонда буда-и, хонда буда-аст, -ем, -од -анд. Шаклҳои сиғаи эҳтимолӣ низ ба тасрифи сеюм дохил шуда, бо бандакҳои хабарӣ дигар мешаванд: хондаги-ст, хондагист-ам, хондагист- ӣ, хондагист-ем ва ғайра. Дар забони тоҷикӣ хабарҳои номӣ ҳам ба воситаи бандакҳои хабарӣ тасриф шуда, шартан ба навъи сеюм дохил мешаванд, зеро бандакҳои хабарӣ таърихан феъланд: коргар-ам, коргар-ӣ, кор- гар аст, коргарм, коргар-ед, коргар- анд.
Адабиёт: Грамматккаи забони адабии ҳозираи тоҷик, ҷилди 1, Душанбе, 1985. Д. Тоҷиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …