Маълумоти охирин

ТАСРИБ

ТАСРИБ (арабӣ чакидан, рехтан), бо мақсади муолиҷа ва ташхиси беморӣ ба зери пуст, бофтаю ковокиҳои бадан ва рагҳои хунгард гузаронидани дору, хун ва маҳлулҳои ғизоиро гӯянд. Зимни тасриб бар хилофи тазриб одатан ҷисми моеъ ба миқдори зиёд гузаронида мешавад. Ҳангоми тасриби таҳтипустӣ ва дохиларидии бардавом доруро қатра-қатра (усули қатрагӣ) мегузаронанд.

sistema

Тасриб дар аснои миқдори зиёди моеъро талаф додани организм (талафоти хун, қай ва исҳоли бардавом), заҳролудшавӣ, садма, колланс (ҳубут), инчунин ҳангоми зарурияти ғизои сунъӣ ва барои бо тезӣ ва судманд таъсир намудани моддаҳои доруӣ (давоҳои дилу раг, пешоброн ва ғайра) истифода мешавад. Дар тиби муосир тасрибро перфузия ҳам мегӯянд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …