Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ТАШАББУСИ БУЗУРГ»

«ТАШАББУСИ БУЗУРГ»

«ТАШАББУСИ БУЗУРГ» (Дар бораи қаҳрамонии коргарон дар ақибгоҳ. Дар хусуси «шанбегиҳои коммунистӣ»), номи яке аз мақолаҳои В. И. Ленин (Асарҳо, ҷилди 29, соли 437—464), ки ба масъалаҳои ташаккули муносибатҳои нави истеҳсолӣ, интизоми нави меҳнат дар просеоси сохтмони сосиализм оид аст. Аввалин маротиба июли 1919 дар Москва ба шакли китобчаи алоҳида нашр тардид. Дар СССР (то 1969) 130 маротиба ба 51 забон ва 38 маротиба дар хориҷа ба табъ расид. Мақолаи мазкур таҳлили ҳаматарафаи шанбегиҳои коммунистӣ ва ҷамъбасти таҷрибаи оммаро дар мустаҳкам гардондани иқтисодиёт дар бар мегирад. Дар шанбегиҳои коммуннстӣ В. Й. Ленин зуҳури қаҳрамонни оммаи меҳнаткашро медид, ки ба сохтмони амалии сосиализм шурӯъ намуданд. Дар вазъияти харобии хоҷагӣ, гуруснагӣ, пастшавии ҳосилнокии меҳнат шанбегиҳо ифодаи муносибатҳои нави коммунистӣ ба меҳнат буданд.
Ленин дар «Ташаббуси бузург» нишонаҳои асосии синфҳои ҷамъиятро тавсиф намуда, нақши роҳбарикунандаи синфи коргарро дар барпо кардани ҷамъияти нав нишон дод. У таъкид намуд, ки дар байни омма тарбия намудани муносибати нав ба меҳнат вазифаи муҳими диктатураи пролетариат мебошад ва он яке аз шаклҳои муборизаи синфӣ дар давраи гузариш аз капитализм ба сосиализм аст.
Т. Турсунова.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …