Маълумоти охирин

ТАРХӮН

ТАРХӮН (соли таваллуд номаълум — вафот 710, Самарқанд), ихшиди Суғд. Дар аҳди Тархун Қутайба ибни Муслим ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кард. У соли 709 бо қувваи зиёд аз дрёи Аму гузашта ба Бухоро наздик шуд. Тархун ҳамроҳи туркҳо ба мадади ҳокими Бухоро шитофт. Лекид ба суханоии ҷосуси Қутайба, ки гӯё арабҳо ба зудӣ аз Мовароуннаҳр мераванду туркҳо ба Суғд ҳуҷум оварда онро ишғол мекунанд, фирефта шуда, бо маслиҳати душман бо арабҳо сулҳ баст. Дар натиҷа иттифоқи зиддиарабҳо пароканда гашта, Қутайба Бухороро ба осонӣ ба даст даровард.
Тархун барои аз ҳуҷуми арабҳо эмин доштани Суғд бо Қутайба шартнома баста, ӯҳдадор шуд, ки ҳар сол хироҷ медиҳад. Қутайба баъди як сол бародари худ Абдурраҳмонро барои ситонидани хироҷ ба Самарқанд фиристод. Тархун маҷбур шуд, ки хироҷ диҳад. Ин норозигии ашрофи Самарқандро ба вуҷуд овард. Дар натиҷа онҳо Тархунро аз тахт ронда, ба ҷои ӯ Ғуракро ихшид таъин намуданд. Тархун худро кушт.
У. Назиров, А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …