ТАРКОНИШ, корҳоеро гӯянд, ки бо мақсади вайрон кардан, кӯчонидан ё тағйир додани сохт ва шакли масолеҳи табии (ҷинсҳои кӯҳӣ, чӯб, ях) ё сунъи (бетон, деворҳои сангӣ ё хиштӣ, металлҳо ва ғайра) гузаронида мешаванд. Тарконишро бо ёрии моддаҳои тарканда ва воситаҳои тарконанда (капсюла детонаторҳо) татбиқ мекунанд. Ҳоло дар Таркониш детонаторҳои электриро тавассути мошини тарконанда метарконанд, ки он аз манбаи сайёри ҷараёни электрӣ иборат аст. Моддаҳои тарканда ба мақсадҳои осоишта аз давраи кадим маъмул буд.
Заряди борут бори аввал солҳои 1448—72 барои аз санг ва остонаҳо тоза кардани маҷрои д. Неман тарконида шуд. Барои истеҳсоли маъдан борутро ҳамчун моддаи тарканда нахустн бор дар Россия (1617) истифода бурданд. Ихтирои усули электрии таркониш (олими рус Шиллинг, 1812), динамит (1860), мошин ва дастгоҳҳои пармакунӣ (1861), кашфи тротил (1863), истеҳсоли капсюла — детонаторҳо (1867) Тарконишро такмил доданд. Алҳол Таркониш дар соҳаҳои гуногун (истихроҷи маъдан, сохтмон, хоҷагии об, саноати металлургӣ, хоҷагии қишлоқ) истифода мешавад. Дар Тоҷикистон сарбандҳо, ҳавзҳо, каналҳо, туннелҳо, вайрон кардани ҷинсҳои қуҳи, шиббакунии замин ва ғайра бо Таркониш сохта мешавад. Масалан сарбанди гидроузели Бойғозиро, ки баландии он 55 м ва дарозиаш 450 м аст, дар натиҷаи тарконидани 1864 т моддаи тарканда сохтанд. Ҳангоми сохтани ГЭС-и Норак, каналҳои дашти Ашт, Уртабуз, Данғара ва ғайра усули Таркониш истифода шудаанд. Дар сохтмони гидроузелхои калонтарини республика Даштиҷум (дарёи Панҷ, баландии сарбандаш 275 м) ва Қалъаихум (баландии сарбандаш тақрибан 500 м) Таркониш ба таври васеъ истифода хоҳад шуд.
И. Тоҳиров, А. Абдуллоев.