Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАРКОНИШ

ТАРКОНИШ

ТАРКОНИШ, корхоеро гуянд, ки бо максади вайрон кардан, кучонидан ё тагйир додани сохт ва шакли масолехи табии (чинсхои кухи, чуб, ях) ё сунъи (бетон, деворхои санги ё хишти, металлхо ва гайра) гузаронида мешаванд. Тарконишро бо ёрии моддахои тарканда ва воситахои тарконанда (капсюла детонаторхо) татбик мекунанд. Холо дар Таркониш детонаторхои электриро тавассути мошини тарконанда метарконанд, ки он аз манбаи сайёри чараёни электри иборат аст. Моддахои тарканда ба максадхои осоишта аз давраи кадим маъмул буд.

tarkonish

Заряди борут бори аввал солхои 1448—72 барои аз санг ва остонахо тоза кардани мачрои д. Неман тарконида шуд. Барои истехсоли маъдан борутро хамчун моддаи тарканда нахустн бор дар Россия (1617) истифода бурданд. Ихтирои усули электрии таркониш (олими рус Шиллинг, 1812), динамит (1860), мошин ва дастгоххои пармакуни (1861), кашфи тротил (1863), истехсоли капсюла — детонаторхо (1867) Тарконишро такмил доданд. Алхол Таркониш дар сохахои гуногун (истихрочи маъдан, сохтмон, хочагии об, саноати металлурги, хочагии кишлок) истифода мешавад. Дар Точикистон сарбандхо, хавзхо, каналхо, туннелхо, вайрон кардани чинсхои кухи, шиббакунии замин ва гайра бо Таркониш сохта мешавад. Масалан сарбанди гидроузели Бойгозиро, ки баландии он 55 м ва дарозиаш 450 м аст, дар натичаи тарконидани 1864 т моддаи тарканда сохтанд. Хангоми сохтани ГЭС-и Норак, каналхои дашти Ашт, Уртабуз, Дангара ва гайра усули Таркониш истифода шудаанд. Дар сохтмони гидроузелхои калонтарини республика Даштичум (дарёи Панч, баландии сарбандаш 275 м) ва Калъаихум (баландии сарбандаш такрибан 500 м) Таркониш ба таври васеъ истифода хохад шуд.
И. Тохиров, А. Абдуллоев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …