ТАРҶУМАИ БАДЕӢ, як навъ эҷодиёти бадеӣ, тафсири ваҳдати шаклу мазмуни асари бадеӣ аз як забон ба забони дигар, аён намудани таъсири эстетикии асари оригинал ба забони ғайр. Тарҷумаи бадеӣ дар пешрафти тамаддун мақоми баланд дорад ва инкишофи тамаддун ҳам ба ривоҷи он мусоидат менамояд, яъне тарҷума ва шароити таърихӣ ҳамбастаанд. Аз ин ҷост, ки тарҷума умуман ва Тарҷумаи бадеӣ хусусан, соҳиби таърихи доманадорест. Тарҷумаи бадеӣ аз дигар навъҳои санъат, пеш аз ҳасма, бо василаҳои баён фарқ мекунад, агар василаи баёни мусиқӣ — оҳанг, меъморию ҳайкалтарошӣ — шаклу тарҳ, рассомӣ — тобишҳои ранг бошад, пас тарҷумаи бадеӣ ба воситаи забон ифода мешавад. Аз ин ҷиҳат тарҷумаи бадеӣ ба адабиёти оригиналӣ қаробат кунад ҳам, аз он тафовут низ дорад. Адабиёти оригиналӣ моли як 1 миллат аст, вале тарҷумаи бадеӣ ба ду миллат тааллуқ дорад —ҳам ба миллати муаллифи асар, ҳам ба миллати мутарҷим. Қонунҳои инкишофи Тарҷумаи бадеиро назарияи он ва танқиди Тарҷумаи бадеӣ меомӯзанд. Тарҷумаи бадеӣ асосан аз миёнаҳои асри 20 мавриди тадқиқи ҳаматарафа қарор гирифт. Дар натиҷа илми тарҷума ба вуҷуд омад, ки он бо «тарҷумашиносӣ», «транслатология», «назарияи тарҷума» ва ғайра ёд мешавад.
Таърихи пайдоиши тарҷумаи бадеиро муайяш кардан душвор аст. Зоҳиран тарҷумаи бадеӣ баробари пайдо шудани адабиёти ду халқи гуногунзабон ба вуҷуд омаадааст.
Масалан, мувофиқи хабари яке аз мунаҷҷимон ва мутарҷимони тоҷик Фазли Абӯсаҳл (вафот 815) Искандари Макдунӣ ба тарҷума таваҷҷӯҳи зиёде мекардааст: «Искандар подшоҳи юноннён… он чи дар девонҳо ва хазинаҳои Истахр буд, рӯнавиште бардошта ва ба забони румӣ ва қибтӣ баргардонд ва пас аз он ки аз нусхабардориҳо муроди ниёзаш фароғат ёфт„ ҳамаро дар оташ андохт». байни китобҳои тарҷумашуда Авесто низ буд. Авесто дар давраи Сосониён ба забони форсии миёна (паҳлавӣ) тарҷума ва тафсир шуд, ки он «Занд» ном гирифт. Инро нахустин тарҷума дар таърихи адабиёти форс-тоҷик шуморидан мумкин аст. Донишманди араб Ибни Надим (вафот 1000) дар чанд фанни (фасли) «Ал-Феҳрист»-аш оид ба авзои тарҷума то асри 10 баҳс кардааст. Ибни Надим даҳҳо мутарҷимони он давраҳоро зикр мекунад, ки ҳар яке се-чор забоиро ба хубӣ медонистаанд, дар илме омил будаанд.
Яке аз тарҷумонҳои машҳури он давра Рӯзбеҳи Додвеҳ буд, ки баъди ба ислом гаравидан ба худ Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ ном гирифтааст. У қариб ҳамаи асарҳои паҳлавиро ба забони арабӣ гардонда, дар интишори осори адабии халқҳои эронинажод саҳми арзанда гузошт. Ном ва матни якчанд асари паҳлавӣ, ки нусхаи аслашон аз байн рафтааст, ба шарофати тарҷумаҳои Ибни Муқаффаъ то замони мо расидаанд.
Маълум аст, ки адабиёти ҳар як халқ, аз ҷумла адабиёти тоҷик бе робитаю пайвастагӣ бо адабиёти халқҳои дуру наздик равнақ ёфта наметавонад. Риштаҳои бешумори равобити адабӣ аз замонҳои қадим адабиёти моро ба адабиёти мардуми кишварҳои ҳамҷавор сахт пайвастаанд. Яке аз риштаҳои мустаҳками ин равобит тарҷума аст. Масалан, «Панчатаптра» борҳо ба форсӣ ва ба забонҳои дигар тарҷума шуд.
Дар адабиёти форс-тоҷик баробари тарҷумаи асарҳо аз забонҳои Шарқ ба тадриҷ аз забонҳои европоӣ низ тарҷумаҳо пайдо шуданд, ки онҳо асосан китобҳои таърихӣ буданд. Дар ибтидои асри 18 тарҷума аз форсӣ ба дигар забонҳо ва аз забонҳои европоӣ ба форсӣ хеле авҷ гирифт. Маҳз дар ибтидои асри 19 дар Осиёи Миёна ҳам тарҷумаи асарҳои бисёр адибони европоӣ интишор ёфт. Вале ин тарҷумаҳо асосан дар Эрон анҷом ёфта будадид. 28 декабр 1851 дар Теҳрон «Дорулфунун» ном муассисае таъсис шуд, ки ходимони он бо масъалаи Тарҷумаи бадеӣ ҳам шуғл доштанд. Ин муассиса дар як муддати кӯтоҳ 162 китоб нашр кард, ки аксари онҳо Тарҷумаи бадеӣ буданд. Дар ҳамон давра ба забони форсӣ «Робинзон Крузо»-и Д. Деёбо, «Жгаль Блаз»-и А. Лесаж, «Кулбаи ҳиндувон»-и Бернарден де Сан Пер, «Телемак»-и Ф. Фенелон, песаҳои Мольер, «Граф Монте Кристо ва «Се мушкетдор»-и Александр Дюма, чанд ҳикояи Л. Н. Толотой, масалҳои И. А Крылов ва ғайра тарҷума шуданд. Зиёиёни тоҷик аз ян тарҷумаҳо баҳра бардоштаанд.
Соли 1909 А. Шакурӣ барои синфҳои дуюм «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ном китоби қироат тариб дод, ки дар он бори аввал тарҷумаи чанд ҳикояи Л. Толстой («Алтар ва айнак», «Зоғ ва рӯбоҳ» ва ғайра) оварда шудааст. Сипас соли 1912 дар ғайра. «Бухорои Шариф» боз чанд тарҷумаи ҳикояҳои Л. Толстой ба табъ расид: «Илёс», «Яздонро ё шайтонро?», «Худо ҳақро мебинад, вале зуд кашф намекунад», «Инсонро замини зироат бисёр лозим аст? ва ғайра. Кори тарҷума, аз ҷумла Тарҷумаи бадеӣ махсусан, баъди Револютсияи Кабири Сосиалистӣ октябр қувват гирифт. Аввалан тарҷумаҳои бадеӣ дар Нашриёти Давлатии Тоҷикистон (таъсисаш соли 1925) ба табъ расиданд. Солҳои 1926—36 нашриёт 10 номгӯй асари бадеии тарҷумавиро нашр кард, ки онҳо асарҳои Л. Толстои (повести «Поликушк», мутарҷим А. Бектош, 1935), И. С. Тургенею (ҳикояи «Муму мутарҷим Фаридун, 1936), А. П. Чехов («Ҳикояҳо», мутарҷим Ҷ. Иқромй, 1936) ва дигарон буданд. Пас аз ин тарҷумаи бадеӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Садриддин Айнн бо тарҷумаи романи Ф. Дюшен «Қамар» дар равнақи тарҷумаи бадеӣ саҳм гузошт. Тарҷумаҳои С. Улуғзода («Занбӯр»-и Войнич; бори дуюм ба номи «Ғӯрмагас» соли 1982 нашршуд, «Тил Улешппигел»-и Ш. де Костар ва ғайра, А. Лоҳутӣ (песаҳои У. Шекспир), Ҳаким Каргам, М. Амннэода, Р. Ҷалил, М. Қаноат (ашъори В. Маяковксий), Ф. Муҳаммадиев (асарҳои Ч. Айшматов) ва дигарон дар адабиёти мо саҳифаҳои дурахшон гардиданд. С. Ализода, Ҳасан Ирфон, Р. Ҳошим, Ҳ. Аҳрорӣ, З. Муллоқандов, Ш. Собир барин як гурӯҳ адибоне ба майдон омаданд, ки шуғли асосии онҳо тарҷумаи бадеӣ гардид. Баробари ин асарҳои шоиру нависандагони тоҷик ҳам ба забони русӣ, забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ тарҷума мешаванд.
Бисёр олимону адибони Ғарб ва Россия доир ба назарияи тарҷума изҳори ақида кардаанд. Б. Г. Белинскии, И. С. Тургенев, Н. Г. Чернышовскии, Н. А. Добролюбов дар ташаккули назарияи тарҷума саҳми калон гузоштанд. К. Маркс ва Ф. Энгелс чанд забонро медонистанд, асарҳои худро ба дигар забонҳо таҳрир мекарданд ва ба бисёр тарҷумаҳо тақриз менавиштанд. В. И. Ленин на фақат бо назарияи тарҷума шуғл дошт, балки худ низ бисёр тарҷума мекард. У нисбат ба сифати тарҷума ниҳоят сахтгир буд ва ҳар як таҳрифи нусхаи аслро зери танқид мегирифт. Нуктаҳои асосие, ки классикони марксиам-леникизм доир ба тарҷума баён намудаанд, ба назарияи тарҷумаи советӣ асос гузоштанд. Олимони советӣ маҳз дар зимни гуфтаҳои онҳо асосҳои назарияи тарҷумаро муайян намуданд.
Танқиди Тарҷумаи бадеӣ асарҳон тарҷумавӣ ё эҷодиёти ягон мутарҷимро аз мавқеи замон ва авзои умумии тарҷума таҳлил монамояд ва ба онҳо баҳо медиҳад.
Тадқиқи таърих, назария ва амалияи тарҷумаи бадеӣ дар Тоҷикистон асосан дар давраи советӣ оғоз ёфт. Саҳми Садриддин Айнӣ дар ин бобат хеле калон аст. Адабиётшиносон М. Шукуров, Ҳ. Шодиқулов, 3. Муллоҷонова (ва дигар, мутарҷимон Ҳ. Аҳрорӣ, Р. Ҳошим, Э. Муллоқандов ва дигар доир ба масъалаҳои гуногуни Тарҷумаи бадеӣ мақолаҳои зиёде таълиф кардаанд.
Дар СССР ба тарҷумаю интишори асарҳон адибони мамлакат ва нависандагони хориҷӣ диққати зиёд дода мешавад. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО соли 1977 мамлакати мо аз ҷиҳати миқдори асарҳои тарчумавӣ (6937 адад) ба ҷои якум баромад.
Адабиёт Шукуров М., Тарҷумаи бадеӣ дар марҳилаи имрӯзаи адабиёти тоҷик, «Садои Шарқ», 1983, 10; Гачечиладзе Г. Р., Вопросы теории художественного перевода, Тбилиси, 1964; Чуковский К. И., Актуальные проблемы теории художественного перевода, том 1—2, 1968; Левый И., Искусство перевода, Москва, 1974; Попович А., Проблемы художественного перевода, Москва, 1980. Н. Холмуҳаммадов.