Маълумоти охирин

ТАРҶЕЪБАНД

ТАРҶЕЪБАНД — манзумаеро гӯянд, ки аз силсилаи бандҳо (хонаҳо)-и шеърӣ иборат буда, бандҳо байни ҳамдигар бобайти восита, байти восила (васила)-и айнан такроршаванда пайваст мегарданд. Дар оғози пайдоиш тарҷеъбанд аз панҷ байт иборат буда, ҳамаи даҳ мисраъ қофияи ягона доштанд. Масалан, як банди тарҷеъбанди Фаррухӣ:
Ҳамегуфтам, ки кай бошад, ки хуррам рӯзгор ояд,
Ҷаҳон аз сар ҷавон гардад, баҳори ғамгусор ояд.
Баҳори ғамгусор ояд, ки ҳар касро ба кор ояд,
Баҳоре, к-андар ӯ ҳар рӯз майро хостор ояд.
Зи ҳар боде, ки бархезад, кунун бӯи баҳор ояд,
Кунун моро зи боди бомдодӣ бӯи ёр ояд.
Чн рӯи кӯдакони мо дарахти гул ба бор ояд,
Нигори лоларух бо мо ба хуррам лолазор ояд.
Маи мушкин гусорад, то гаҳи бӯсу канор ояд,
Чаро хуш гардаду бо табъи хусрав созгор ояд.
Аз асри 12 сар карда миқдори байтҳои бандҳо ва тарзи қофиябандин онҳо тағйир ёфт. Масалан, Муиззӣ тарҷеъбандҳое дорад, ки бандҳояшон аз ҳафт то даҳ байтанд ва мисли ғазал (аз, ба, ва, га…) қофия доранд. Дар адабиёти классикии форс-тоҷик Саъдӣ яке аз машҳуртарин тарҷеъбандсароён аст. Навъҳои дигари тарҷеъбанд низ дида мешавад. Масалан, дар эҷодиёти Шоҳин, Фитрати Вардонзеҳӣ, Сомӣ, Туғрал ва ғайра шеърҳое ҳастанд, ки ҳар бандашон аз ду байт иборат буда, ҳамаи чаҳор мисраашон ҳамқофияанд. Тарҷеъбанд дар адабиёти советии тоҷик низ маъмул аст (масалан, «Ба зиёрати доҳӣ»-и М. Раҳимӣ).
Адабиёт: Мусулмонқулов Р., Асрори сухан, Душанбе, 1980.
Р. Мусулмонқулов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …