Маълумоти охирин
Главная / Илм / ТАЪРИХИ ЗАБОН

ТАЪРИХИ ЗАБОН

ТАЪРИХИ ЗАБОН, як соҳаи илми забоншиносист, ки масъалаҳои гуногуни пайдоиш, ташаккул, интишор ва инкишофи забонро меомӯзад. Забон чун «муҳимтарин воситаи алоқаи инсонӣ» (В. И. Ленин, Асарҳо, ҷилди 20, саҳифаи 422) воҳиди ягонаи пойдору мутаҳаррик, устувору дигаргуншаванда, статикиву динамикӣ, яъне дорои зиддиятҳои қонунии равнақу икишоф мебошад ва ин равнақу инкишоф ҳангоми истеъмол ва аз насл ба насл гузаштан ба таври эволюсионӣ, тадриҷан амалӣ мегардад. Дар ҳар давраи инкишофк забон дар ҷамъият майдоне ба содда намудани забон вуҷуд дорад. Ҳар фарди соҳиби забон, махсусан, шоирону нависандагон, олимону муаррихон дар асарҳои худ дигаргуниҳоеро ба системаи забон медароранд, кӣ онҳо ба мурури замон хусусиятҳои нави забонро пайдо мекунанд. Дигаргуниҳо пеш аз ҳама дар таркиби лексикӣ, овозӣ ва рафта-рафта дар сохти грамматикии забон низ пайдо мешаванд, ки он ба дигар шудани сифати забон оварда мерасонад. Дар Таърихи забон ҳамаи ин гуна тағйироту дигаргуниҳои сохти забон мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Азбаски Таърихи забон бо таърихи соҳибони забон алоқаи сахти бевосита дораду рӯйдодҳои таърихӣ ба инкишофи забон таъсири муайяне мерасонанд, масъалаҳои Таърихи забон вобаста ба воқеаҳои муҳимтарини таърихи халқ омӯхта мешавад.

book-5

Одатан забон марҳалаҳои гуногунӣ шафофро аз сар мегузаронад. Дар омӯзиши Таърихи забон ин марҳалаҳо ба назар гирифта мешаванд. Масалан, таърихи забонҳои эронӣ, ки забони тоҷикӣ яке аз онҳост, се марҳила дорад: 1) давраи қадими эронӣ (аз давраҳои қадимтарин то асрҳои 4 то м.); 2) давран миёнаи эронӣ (асрҳои 4—3 то мелод— асрҳои 7—8); 3) давраи нади эронӣ (аз асрҳои 8—9 то замони мо). Забонҳои қадими эронӣ ба забонҳои қадими Ҳинд хеле наздиканд ва аз ин забони мабдаъ пайдо шудаанд. Ин забони мабдаъро муҳаққиқон забони ориёии меноманд, ки байни ду давра — ҳиндуевропоӣ ва эронии қадим—марҳалаи таърихиеро ташкил медиҳад.

Таърихи забон бо сарчашмаҳои хаттии давраи гузашта, омӯзиши филологии онҳо, давраи мураттаб гардидан ва истеъмол шудан, системаи хат, қоидаҳои имло, марҳалаҳо, дигаргуниҳои системаи овозӣ, лекстасиву грамматикии забони сарчашма кордор мешавад.

Таърихи забон ду шӯъба дорад: Таърихи забон  ва Таърихи забони  адабӣ. Шӯъбаи дуюм ба Таърихи забон вобастагии зич дошта, як қисми онро ташкил медиҳад, зеро офарандаи забони адабӣ ҳам мисли забони умумӣ халқ аст ва барои дуруст фаҳмидани Таърихи забони адабӣ бояд тамоми нозукиҳон забони умумихалқӣ санҷида шаванд. Ҷузъи дигари фанни Таърихи забон грамматикаи таърихӣ мебошад.

Адабиёт: Додихудоев Р. X., Дастури мухтасари таърихи забони тоҷикӣ, Душанбе, 1978.                                  Р. Додихудоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …